Саркотиби илмӣ

Авезов Сайфулло Абдуллоевич, 31 августи соли 1960, деҳаи Порвени ноҳияи Панҷакент таваллуд шуда, соли 1977 пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 21 ба факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд.

Аз соли 1983 дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи АИТ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои корманди хурди илмӣ, корманди калони илмӣ ва аз соли 2008 муовини директор оид ба илм кор мекунад.

Аз соли 2016 саркотиби илмии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987 рисолаи номзадӣ ва соли 2006 дар мавзуи «Холестаз: сабаб, пайдоиш, зуҳурот, ташхис ва табобат» рисолаи докторӣ ҳифз намудааст. Аълочии соҳаи тандурустӣ, аъзои якчанд Шӯроҳои диссертатсионӣ, Кумитаи фармакологии ВТ ва ҲИА ҶТ, Ҷамъияти гепатологҳои Аврупо мебошад. Яке аз таъсисдиҳандаҳои Ҷамъияти гастроэнтерологҳои Тоҷикистон аст.

Муаллифи 3 монография, 150 мақолаву фишурдаҳои илмӣ, 4 пешниҳодҳои методӣ ва 5 ихтироот аст. Роҳбарии илмии 5 аспиранту довталабони илмро ба уҳда дорад.

Дар конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ оиди гастроэнтерология ва гепатология дар Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Шветсия, Нидерландия, Олмон, Сингапур, Австрия, Италия ва ғайра иштирок ва баромад намудааст.

Scroll Up