РЕЗОЛЮТСИЯИ

Сессияи илмии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ

ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи

«Фарбеҳӣ – проблемаи аср»

(бахшида ба 10 – солагии АИТ)

14 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Сессияи илмии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Фарбеҳӣ – проблемаи аср», ки ба 10 солагии таъсисёбии Академия бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Дар кори Сессия зиёда аз 100 нафар олимону мутахассисони соҳаи тиб ва меҳмонон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи кишоварзӣ, Академияи таҳсилот, Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ширкат варзиданд.

Маърӯзаи ноиби президенти АИТ Аҳмадзода С.М. ба фаъолияти илмӣ ва ташкилии АИТ бахшида шуд. Ӯ иброз дошт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, №494 бо мақсади таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои илмии соҳаи тандурустӣ, татбиқи дастовардҳои илми муосир ва усулҳои нави ташхису табобат дар амалия Муассисаи давлатии “Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Ташкил намудани АИТ боиси ҳамоҳангсозии фаъолияти илмии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки то ин дам дар алоҳидагӣ амал мекарданд, гардид ва ба пешрафту назорати иҷроиши корҳои илмию тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва дар амалия ҷорӣ намудани дастовардҳо мусоидат намуд.

Қайд карда шуд, ки дар айни замон дар ҳайати АИТ 14 муаасисаи илмӣ фаъолият бурда, тайи 10 сол онҳо дар иҷроиши зиёда аз 40 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузори шаванда, 11 мавзӯи илмӣ дар доираи иҷроиши “Барномаи рушди инноватсионии ҶТ барои солҳои 2011 – 2020”, 7 мавзуъ оид ба “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология”, 10 мавзӯи ташаббусӣ ва 6 мавзуъ аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Аз тарафи кормандони муаассисаи илмӣ дар ин муддат 55 монография, 1847 мақола, зиёда аз 2000 фишурда нашр шуда, 111 патент ва 120 пешниҳоди навоваранда гирифта шуд. Раёсати АИТ дар ин давра 9

сессияи илмӣ ва 5 мизи мудаввар оид ба проблемаҳои мубрами илми тиб баргузор намуда, ташкил ва баргузории конфронсу симпозиуми муассисаҳоро сарварӣ кард.

Аз соли 2010 маҷаллаи “Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон” нашр шуда, он 3-юми июни соли 2016 ба феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ворид гардид. Маҷалла аз моҳи июни соли 2018 ба Феҳристи муайянкунандаи рақамии маводҳо (DOI – Digital object identification) ва ба феҳристи байналмилалии нашрияҳои илмӣ (PILA Cross Red) дохил шуд.

Дар маърӯза инчунин ба фаъолияти илмии муассисаҳои Академия, дастовард ва камбудии онҳо аҳамияти калон дода шуд.

Дар баромадҳои табрикотии саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдусамад, президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Бобизода Ғуломқодир, намояндаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯминзода Бобоҷон ва дигарон доир ба дастовардҳои Академия сухан рафта, нақши заҳмати 10 – солаи олимони Академия ва муассисаҳои илмии он дар татбиқи технологияи инноватсионӣ ва рушди робитаҳои ҳамкорӣ байни ташкилотҳои мухталифи ватанию хориҷӣ қайд гардид.

Оид ба масъалаи дуюм маърӯзаҳои академик Мироҷов Ғ.Қ.., доктори илми тиб Исмоилзода С. ва профессор Хайров Ҳ..С. шунида шуд, ки дар онҳо сабабҳо, патогенез, роҳҳои пешгирӣ ва усулҳои табобати фарбеҳӣ инъикос ёфтанд. Таъкид карда шуд, ки солҳои охир фарбеҳӣ ва аворизи он дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар паҳн гардидааст, ки сабаби асосии он урбанизатсия, гиподинамия ва истеъмоли ғизои рафинишуда мебошанд. Ҳангоми фарбеҳӣ, ба вижа шикамфарбеҳӣ, бемориҳои гуногуни ғайрисироятӣ, ба монанди бемории фишорбаландии шараёнӣ, атеросклероз, диабети қанд, бемории санги талха, стеатогепатити ғайриалкоголӣ, панкреатити музмин афзоиш ёфта, сабаби марг ва маъюбии аҳолӣ мегарданд. Асоси патогенетикии синдроми метаболӣ ва бемориҳои номбаршуда илтиҳоби системавӣ ва инсулинтобоварӣ мебошанд, ки ҳатто дар марҳилахои аввали фарбеҳӣ ба вуҷуд меоянд.

Аъзои Академия А.Ахмедов ва доктори илми тиб, профессор Ҷ.Сангинов дар рафти музокира нақши АИТ-ро дар пешрафти илми тибби муосир таъқид карда намуда, пешниҳодҳоро оид ба боз ҳам

беҳтар намудани фаъолияти он пешкаш намуданд. Ташвиқу тарғиб намудани корҳои илмӣ-амалӣ ва дастовардҳои олимони Академия ба таври васеъ, муайян намудани синни миёнаи стандартии фарбеҳӣ барои наврасон ва ҷавонон, дар самти табобати фарбеҳӣ якҷоя кор бурдани муассисаҳои илмии Академия аз ҷумлаи ин пешниҳодҳо буданд. Ҳамзамон, Ҷ.Сангинов пешниҳод намуд, ки масъалаи пурра ба ихтиёри АИТ додани баъзе аз муассисаҳои илмӣ барои корбарӣ дида баромада шавад.

Инчунин, чанд нафар музокирачиён аҳамияти пешгирию табобати фарбеҳӣ ва оқибатҳои онро барои солимӣ ва дарозумрии аҳолӣ қайд намуда, роҳҳои амалишавии онҳо муайян карда шуд.

Бо назардошти маърӯзаҳои пешниҳодшуда ва баррасии онҳо иштирокчиёни Сессияи илмӣ дар мавзӯи «Фарбеҳӣ – проблемаи аср», бахшида ба 10 солагии АИТ қарор қабул намуд:

· Фаъолияти АИТ дар 10 соли сипаришуда, ки ба ҳамоҳангсозии фаъолияти илмии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, пешрафт ва назорати иҷроиши корҳои илмию тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва дар амалия ҷорӣ намудани дастовардҳо равона шуда буд, қаноатбахш арзёбӣ карда шавад;

· АИТдар таҳияи мавзӯҳои нави мубрами соҳаи тандурустӣ, ташкили озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ, баланд бардоштани фаъолияти нашриявию патентӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ барои омӯзиш ва коркарди усулҳои нави ташхису табобат, ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти илмӣ диққати махсус дода, назорати қатъӣ ҷорӣ намояд;

· Муассисаҳои АИТ дар иҷроиши барномаи нави давлатӣ дар самти пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ ва оқибатҳои он фаъолона иштирок намоянд;

· Реҷаи ғизои солим бо таркиби муносиби сафедаҳо, равғанҳо, карбоангидратҳо, витаминҳо, микро ва макроунсурҳо ва нахи ғизоӣ вобаста аз синну сол ва фаъолияти фикрию ҷисмонии инсон коркард ва пешниҳод карда шавад;

· Тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла ҳаракати ҷисмонии ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма васеъ таблиғ карда шавад;

· Усулҳои табобати консервативӣ ва ҷарроҳии фарбеҳии дараҷаи ниҳоӣ, ки дар маърӯзаҳо пешниҳод шуданд, дар амалия васеъ истифода шавад;

· Коркарди доруҳои нав дар асоси гиёҳҳои маҳаллӣ барои табобати фарбеҳӣ ба роҳ монда шавад.

Scroll Up