УДК 617.764. 6-002- 089; 616.211 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-56-61

САМАРАНОКИИ ҶАРРОҲИҲОИ СИМУЛТАНТӢ ҲАНГОМИ ДАКРИОТСИСТИ МУЗМИН ДАР ҲАМҶОЯГӢ БО ПАТОЛОГИЯИ СОХТОРҲОИ ДОХИЛИБИНИГӢ

ШАМСИДИНОВ Б.Н., ШОДИЕВ Н.Ш., ҚУРБОНОВА Ф.И.

Кафедра оториноларингологии МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии корман­дони соҳаи тандурустии ҶТ»

Клиникаи байналмилалии « Ибни Сино»

Маркази саломатии шаҳрии №7 -и РТ ш.Душанбе


Мақсади тадқиқот. Баланд бардоштани самаранокии табобати ҷарроҳии дакриотсистити музмин дар ҳамҷоягӣ бо патологияҳои мухталифи ковокии бинӣ бо истифодаи усулҳои ҷарроҳии симултантӣ.

Мавод ва усулҳо. 17 нафар беморон (25 чашм) бо дакриотсистити музмин дар ҳамҷоягӣ бо патоло­гияи мухталифи ковокии бинӣ ва ҷавфҳои наздибинигӣ мавриди таҳқиқ қарор ирифтанд. Синни соли беморон аз 17 то 51 ва синну соли миёна ба 38±2,5 баробар буд. Аз бемориҳои ҳамрадифи ковокии бинӣ ва ҷавфҳои наздибинигӣ – каҷшавии миёндевори бинӣ дар 6 нафар, гипертрофияи садафаҳои миёнии бинӣ дар 4, ҳамҷоягии каҷшавии миёндевори бинӣ бо гипертрофияи садафаҳои миёнии бинӣ дар 3 нафар беморон ташхис гардид. Дар рентгенографияи ҷавфҳои наздибинигӣ дар 11 нафар беморон тираигии намоёниашон гуногуни ҷавфҳои ҷоѓи фавқонӣ ва ѓалберӣ дарёфт шуд.

Натиҷаҳо. Ба ҳамаи беморони деформатсияи миёндевори бинӣ ва гипертрофияи садафаҳои бинидошта амалиёти ҷарроҳӣ бо бартарафсозии онҳо дар намуди септопластика, конхотомия ё латеропозитсияи садафаҳои миёнии бинӣ оѓоз карда шуд. Амалиёт дар маҷроҳои ашкрон баъди анемизатсияи пешакӣ бо маҳлули 0,1% адреналин зери назорати эндоскопи Karl Stors 0 ва 30° оѓоз гардид. Ҷарроҳӣ бо усули анъа­навӣ гузаронида шуд. Бо мақсади пешгирии инкишофи илтисоқи миёндевори бинӣ бо девораи латералӣ аз ҳарду тарафи ковокии бинӣ пленка гузошта, бо дарзҳои гузаранда ба миёндевори бинӣ ба муддати 10 рӯз тасбит гардид. Дар минтақаи дакриотсисториностомаи эҷодгардида ва ковокиҳои бинӣ фатилаҳои нозичи малҳами гузошта, баъди 1-2 шабонарӯз бардошта шуданд.

Дар давраи баъдиҷарроҳӣ маҷмӯи табобати антибактериалӣ ба муддати 5-7 рӯз, маводҳои антигиста­минӣ, қатраҳои бинигӣ ва чашмӣ, ки дар таркибашон антибиотикҳо, кортикостероидҳо доранд таъин карда, поксозии ҳамарӯзаи ковокии бинӣ дар муддати 7-10 рӯз гузаронида шуд. Стентҳо баъди 3 моҳ ба­гирифта шуданд. Дар 1 нафар бемор баъди 1 сол ретседив ба қайд гирифта шуд, ки ба ӯ ҷарроҳии такрорӣ гузаронида шуд.

Хулоса. Тайёрии бодиққати пешазҷарроҳӣ, гузаронидани ҷарроҳиҳои ҳамҷояи симултантӣ бо истифо­даи технологияи муосир, ки инкишофи илтисоқҳоро пешгирӣ менамоянд ва нигоҳубини хуби баъдиҷар­роҳӣ омили асосии табобати самараноки паталогияи мазкур мебошад.

Калимаҳои асосӣ: Дакриотсистити музмин, дакриотсисторинотомия, ҷарроҳиҳои симултантӣ, ил­тисоқ, сохторҳои дохилибинигӣ


Саҳифаҳо: 56-61

Мақола

Scroll Up