УДК 616-006;616.37-089;616.34-089 doi: 10.31712/2221-7355-2018-8-4-475-480

ТАБОБАТИ ҶАРРОҲИИ ОМОСҲОИ БАДСИФАТИ МИНТАҚАИ ПАНКРЕАТОДУОДЕНАЛӢ

РАСУЛОВ С.Р., МУҲИДДИНОВ Н.Д., ЮЛДОШЕВ Р.З., ДИЛШОДОВ С.А., РАСУЛОВ К.С.

МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и ВТ ва ҲИА ҶТ


Мақсади тадқиқот. Намоиш додани натиҷаҳои ҷарроҳии босифат гузаронидаи иқтои гастропанкреатодуоденалӣ (ИГ) ҳангоми омосҳои бадсифати минтақаи панкреатодуоденалӣ.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Маводи клиникии 5 беморони дорои омосҳои минтақаи панкреатодуоденалӣ, ки дар давраи аз соли 2015 то соли 2018 ҷарроҳии иқтои ИГ гузарониданд, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Аз онҳо бо сабаби саратони гарданаки ғадуди зери меъда 1 (20%), саратони рӯдаи дувоздаҳангушта 3 (60%) ва саратони қисмати асосии рӯдаи ғафси ба рӯдаи дувоздаҳангушта гузаранда 1 (20%) ббеморон ҷарроҳӣ карда шуданд. Мувофиқ ба паҳншавии ҷараёни саратон дар ғадуди зери меъда марҳалаи T4N1M0, дар саратони рӯдаи дувоздаҳангушта – T4N0M0 (2 бемор) ва дар саратони қисмати асосии рӯдаи ғафс – T4N10M0 ташхис карда шуд. Дар ҳамаи беморон ташхис дар асоси клиникӣ, нишондодҳои тадқиқототҳои рентгенӣ ва ТК узвҳои ҳозима, тадқиқоти эндоскопии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин тадқиқоти морфологии маводи биопсия муқаррар карда шуд.

Натиҷаҳо. ИГ бо методикаи стандартӣ гузаронида шуд, ки ин қисматҳоро дар бар мегиранд; гарданаки ғадуди зери меъда, қисмати баромади меъда ба ғадуди хурд ва нимаи рости ғадуди калони рӯдаи дувоздаҳангущта, ғадуди меъда, ҷараёни умумии талха ва қисматҳои канории лимфагии ба комплекси анкреатодуоденалӣ дахл доша. Таҳлили натиҷаҳои фаврӣ нишон дод, ки дар давраи баъди ҷарроҳӣ дар ду нафар бемор панкреатит ба қайд гирифта шуд, ки дар яке аз онҳо нишондиҳандаи билирубин баланд буд ва ин ба варами эҳтимолии минтақаи холедохоеюноанастомоз вобаста аст. Ҳодисаҳои анастомияи изофӣ ба қайд гирифта нашуд. Ҳамаи беморон дар ҳолати қаноатбахш ҷавоб шуданд ва нишонаҳои ритсидивӣ ҷой надошт.

Хулоса. Ҷарроҳии ИГ ягона усули табобати амиқи беморони дорои омосҳои минтақаи панкреатодуоденалӣ ба шумор меравад. Беҳтар намудани усулҳои пеш ва баъди ҷарроҳии рафти беморӣ имконият медиҳад, ки натиҷаи фаврии ИГ бо паст намудани аворизҳои он ва фавтнокии минпималӣ рост ояд.

Калимаҳои асосӣ: омосҳои бадсифати минтақаи панкреатодуоденалӣ, иқтои гастропанкреатодуоденалӣ, рӯдаи дувоздаҳангушта


Саҳифаҳо: 475-480


Мақола

Scroll Up