УДК 615.451.2 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-87-93

ТАҲИЯИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНИИ ҲОСИЛ КАРДАНИ ЭКСТРАКТИ ХУШКИ ТУХМИ ЗЕЛОЛИ ГУНОГУНПАНҶА

АХМЕДОВ Ф.А., ХАЛИФАЕВ Д.Р., ДАВЛАТҚАДАМОВ С.М., АХМЕДОВА М.А.

МД «Маркази илмӣ-тадқиқотии фарматсевтӣ»-и ВТва ҲИА ҶТ

Кафедраи технологияи фарматсевтии МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Кафедра эндокринологияи МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”


Дар мақола натиҷаҳои тадқиқот оид ба таҳияи технологияи ҳосил кардани экстракти хушк аз тухми зелоли гуногунпанҷа ва стандартикунонии он аз рӯи қиматҳои ҷамъи моддаҳои ис­тихроҷшаванда ва полисахаридҳо дарҷ гардидааст. Экстракти хушк бо усули реперколятсия ҳосил карда шудааст. Раванди технологии ин амалиёт барои маводи тадқиқшаванда аз рӯи қи­матҳои ҷамъи моддаҳои истихроҷшаванда ва полисахаридҳо стандартӣ кунонида шудааст, ки ин қиматҳо мутаносибан 33,7% ва 9,3% – ро ташкил медиҳанд. Инчунин, нишондиҳандаҳои технологии экстракти хушки тухми зелоли гуногунпанҷа омӯхта шудааст.

Калимаҳои асосӣ: зелоли гуногунпанҷа, истихроҷкунӣ, ҷамъи моддаҳои истихроҷшаванда, ҷамъи полисахаридҳо


Саҳифаҳо: 87-93

Мақола

Scroll Up