УДК 616.921.5-036(575,3) doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-49-55

ТАРКИБИ НАМУДИИ БАРАНГЕЗАНДАҲОИ СИРОЯТИ ДОХИЛИ БЕМОРХОНАВӢ ДАР МД ПАЖӮҲИШГОҲИ АКУШЕРӢ-ГИНЕКОЛОГӢ ВА ПЕРИНАТОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

ХУҶАГЕЛДИЕВА З.У., CАИДОВ Ҳ.М., БОБОЕВА Б.Р.,

АМИНОВ А.Х., 1ҲИКМАТОВА Б.М.

МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон”-и ВТ ва ҲИА ҶТ

Муассисаи давлатиии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ”


Мақсади тадқиқот. Омӯзиши сохтори сабабҳо ва ҳассосият ба доруҳои антибактериали барангезан­даҳои сирояти дохилибеморхонавӣ дар Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва пери­натологии Тоҷикистон (МД ПАГваПТ).

Мавод ва усулҳо. Хусусияти микробиологии объектҳои муҳит ва ҳаво, маводҳои ташхисии кормандо­ни тиббӣ, занҳои ҳомила ва навзодони МД ПАГваПТ-и омӯхта шуд. Ҳамагӣ 126 намунаи маводи таш­хисӣ мавриди таҳқиқот гирифт.

Натиҷаҳо. Дар 58(46,0%) намунаи ташхисӣ натиҷаи мусбӣ ба даст омад. Дар объектҳои гирду атрофи МД ПАГваПТ 65 (51,5%) ҳолати мусбии штаммҳои госпиталӣ дарёфт гардид. Фоизи ками микробҳои ҷудошударо микробҳои гурӯҳи энтеробактерияҳо 13 (10,2%) ташкил дода, 3 намудро аз адади умум дар бар мегирад. Дар миёни энтеробактерияҳои оппортунитӣ миқдори зиёдашро E Coli 6 (4.7%) ташкил дод. Фоизи ҷудошудаи флораи коккҳо ба 44 (34,9%) баробар аст, аз инҳо Staphylococcus epidermidis 34 (27,0%) ва Staphylococcus aureus 10 (7,9%) мебошад. Ба ғайр аз дарёфти штаммҳои энтеробактерияҳо ва флораи коккҳо боз штаммҳои замбурӯғи хамиртурӯшӣ ва кандидаҳо 8 (6,3%) дарёфт гардиданд.

Дар аксари ҳолат штаммҳо нисбати доруҳои антибактериалии гурӯҳи фторхинолонҳо, сефалоспоринҳо, гентамитсин ва левометситин ҳасосияти баланд нишон доданд.

Хулоса. Маълумотҳои бадастомада на танҳо аҳамияти илмӣ, балки дар таҷриба барои интихоби ду­русти нақшаи табобатии коргарони тиб, занҳои таваллудкарда ва навзодон бо антибиотикҳо аҳамияти калон дорад.

Калимаҳои асосӣ: Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон (МД ПАГваПТ), сироятҳои дохилибеморхонавӣ, штаммҳои микроорганизмҳо, намунаи обшустаҳо, доруҳои зидди ми­кробӣ, муҳити афзоиш


Саҳифаҳо: 49-55

Мақола

Scroll Up