УДК 628.16; 628.134 doi: 10.31712/2221-7355-2020-10-1-94-101

ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СИСТЕМАҲОИ МАРКАЗОНИДАШУДАИ ТАЪМИНИ ОБ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЭГАМНАЗАРОВ Ҳ.Н., БАХТИЁРОВА Н.Б.,

ИКРOM ДАВРОНЗОД, ДАБУРОВ К.Н.

Кафедраи ҳифзи саломатии экологии МДТ ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино


Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрўз зиёда аз 720 лўлаҳои мутамаркази об мавҷу­данд, ки 103-тои он коммуналӣ ва боқимонда 619 хатҳои идоравӣ мебошанд. Аз шумораи зи­кршудаи лўлаҳои марказонидашудаи об дар 78% манбаъҳо уфуқҳои обҳои зеризаминӣ, дар 22% обанборҳои рўизаминӣ-дарёҳо, чашмаҳо ва каналҳо мебошанд.

Дар кишвар, ба ҳисоби миёна, тақрибан 60% аҳолӣ бо қубурҳои мутамаркази об барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ таъмин мегарданд, аз ҷумла 96% дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо, 40% дар деҳот. Қисми боқимон­даи аҳолӣ обро аз манбаъҳои барои санитарӣ ва эпидемиологӣ хатарнок истифода мебаранд.

Бо мақсади ба даст овардани нишондиҳандаҳои таъмини об ва санитарӣ, ки дар «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» пешбинӣ шудаанд, Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи беҳтар кардани таъ­миноти аҳолӣ бо оби нўшокиро барои солҳои 2008-2020» тасдиқ намуд.

Калимаҳои асосӣ: обтаъминкунии мутамаркаӣ, обанборҳои рўизаминӣ, ифлосшавии об, муҳофизати санитарии об


Саҳифаҳо: 94-101

Мақола

Scroll Up