УДК 616-006.443-031.14 doi: 10.31712/2221-7355-2019-9-4-387-394

ВАЗЪИ КОМОРБИДӢ ВА ОМИЛҲОИ ХАТАРНОКИ, ТАЪСИРИ МАНФИРАСОНАНДА БА РАВАНДИ БЕМОРИИ МИЕЛОМӢ ВОБАСТА АЗ ФАСЛИ СОЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУСТАФАҚУЛОВА Н.И., МИРЗОКАРИМОВА Н.С., КАМОЛОВА Г.Н., АБДУЛЛОЕВА С.Н., ХОЛОВА Ш.К.

Кафедраи бемориҳои дарунии № 3 МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


Мақсади тадқиқот. Омӯхтани омӯзиши коморбидӣ ва ҷустуҷӯи омилҳои хатарнок, ки ба раванди бемории миеломӣ вобаста аз фасли сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад.

Мавод ва усулҳо. Таҳти назорат 130 нафар беморони гирифтори бемории миеломӣ,дар (синну соли 63- 77) қарор доштанд. Синну соли миёна 70,0 сол буд. Дар ҳар се гуруҳ мардон зиёдар буданд. Ҳама беморони гирифтори МБ вобаста ба мавсими қабул тақсим карда шуданд: кабулшудагон дар мавсими тобистон (n=63; 48.4%), мавсими тирамоҳ (n=7; 5.3%), мавсими зимистон д (n=23; 17.6%) ва мавсими баҳор (n=37; 28.4%).

Беморон аз рӯи дараҷаи коморбидӣ ба 3 гуруҳ тақсим мешаванд: I – дараҷаи паст (n=20), II – сатҳи миё­на (n=33) ва гуруҳи III – сатҳи баланд (n=77). Дар марҳилаи II–и МБ 77 бемор ва марҳилаи III – 53 бемор нафар буданд.

Натиҷаҳо. Дар беморони марҳилаи III (терминалӣ) раванди вазнин ва дараҷаи баланди коморбидӣ бо бартарии алоимҳои геморрагӣ, камхунӣ, интоксикасионӣ, ишкамравӣ ва ҳамроҳшавии оризаҳои сироятӣ мушоҳида мегардид.

Қисми зиёди беморони БМ дар фасли гарми тобистон бистарӣ шуда, раванди беморӣ нисбат ба фасли хунуки сол (2,7 маротиба бештар)вазнин мегузашт.

Зуҳуроти клиникии беморӣ бо шакли полиартралгияи доимӣ, кардио ва нефропатӣ бо якҷоягии синдро­ми патологияи протеин ва гиперкалтсемӣ, камхунии нормохромӣ, зудшавии суръати такшоншавии эритроситҳо (СТЭ), протеинурӣ бе аломатҳои экстрареналӣ ва осеби паҳншудаи бофтаи устухонҳо бо манбаҳои деструксионӣ мушоҳида карда шуд.

Дар мавсими гарм беморони бо БМ бисёр бистарӣ шуда, бо равиши вазнин ва коморбидии зиёд фарқ ме­кунанд, хусусан синдромҳои геморрагӣ, камхунӣ, интоксикатсионӣ ва шикамравӣ бо ҳамроҳшавии ори­заҳои сироятӣ мушоҳида карда шуд.

Дар давраи гармии сол консентратсияи намакҳои минералӣ дар хун нисбат ба давраи сармо ба таври назаррас коҳиш ёфт ва талафи моеъ ба воситаи пӯст (натрий (107,0±0,05 ммол/л., 137,0±1,7) ва калий (2,6±0,15 и 3,7±0,05) 0,15 ва 3,7±0,05) ммол/л.,) зиёд гардид, вақте ки консентратсияи калсий дар плазма зиёд буд (8,3±0,17 ва 3,3±0,17 ммол/л.

Хулоса. Мавсими гарми тобистон норасоӣ, заҳролудшавӣ аз агентҳои химиядармонӣ, аворизҳои сиро­ятӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳои минералӣ, бешубҳа ҷараёни МБ ва пешгӯиҳои бемориро бадтар ме­кунанд.

Калимаҳои асосӣ: бемории миеломӣ, коморбидӣ, кардиотоксионӣ, химиядармонӣ


Саҳифаҳо: 387-394


Мақола

Scroll Up